ИмкониятҳоҲалҳоТарифҳоШарик шавед

Сиёсати махфияти ҶДММ «Рефреш»

Шарикони тиҷоратии платформаи «Refresh»

Аз 1 сентябри соли 2026 амал мекунад

Қисмати муқаддимавӣ

Сиёсати махфияти мазкур аз ҷониби ҶДММ «Рефреш» бо мақсади таъмини бехатарӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, ки аз шарикони тиҷоратӣ ҷамъоварӣ карда мешавад, таҳия ва тасдиқ шудааст.

Сиёсати махфияти мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» аз 03.08.2018, №1537 таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Сиёсати махфияти мазкур қисми ҷудонашавандаи созишномаи истифодабарӣ ва шартнома бо шарикони тиҷоратӣ мебошад. Бо қабул (қабули офферта) ё имзои яке аз чунин ҳуҷҷатҳо, шарики тиҷоратӣ розигии бечунучарои худро барои коркарди ҳама гуна маълумот мутобиқи шартҳои Сиёсати махфият изҳор менамояд.

Мафҳумҳои асосӣ

  • Маълумоти шахсӣ – маълумот дар бораи далелҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои хаёти субъекти маълумоти шахсӣ, ки ба айнияткунонии шахсияти ў имкон медиҳад
  • Коркарди худкори (автоматӣ) маълумоти шахсӣ – коркади маълумоти шахсӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ
  • Истифодаи маълумоти шахсӣ – амалҳо бо маълумоти шахсӣ, ки барои амалишавии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм равона гардидаанд
  • Ҳифзи маълумоти шахсӣ – маҷмуи тадбирҳое, ки бо мақсади пешгирӣ намудани дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ амалӣ карда мешавад
  • Субъекти маълумоти шахсӣ – шахси воқеие, ки ба ў маълумоти шахсӣ таалуқ дорад
  • Маълумоти махфӣ – маълумоте, ки аз шарикони тиҷоратӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истифодабарии платформаи «Refresh» ҷамъоварӣ карда мешавад
  • Иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ – иттилооти илмӣ-техникӣ, технологӣ, молиявию иқтисодӣ ё худ дигар иттилооти дорои арзиши воқеӣ ё имконпазири тиҷоратӣ, ки бинобар сабаби онро надонистани шахси сеюм, ки наметавонанд ин иттилоотро дар асоси қонун озодона дастрас намоянд ва нисбати он дорандаи чунин иттилоот низоми сирри тиҷоратиро ҷорӣ кардааст

Шарики тиҷоратӣ – соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқие мебошад, ки дар дар платформаи «Refresh» ба қайд гирифта шудааст ва аз хизматрасониҳои онро истифода мебарад.

Платформаи «Refresh» – низоми иттилоотии онлайнӣ барои идоракунии фаъолияти мағозаҳо, ки имкониятҳои баҳисобгирии анборхона, идоракунии хазина, муносибат бо муштариён (CRM), баҳисобгирии молиявӣ ва воситаҳои маркетингиро дар як системаи ягона таъмин менамояд.

  • Нобуд кардани маълумоти шахсӣ – амалҳое, ки дар натиҷаи иҷрои онҳо барқарор намудани маълумоти шахсӣ имконнопазир аст
  • Бехусусияткунонии маълумоти шахсӣ – амалҳое, ки дар натиҷаи онҳо муайян кардани мансубияти маълумоти шахсӣ ба субъекти аниқи маълумоти шахсӣ бе истифодаи иттилооти иловагӣ имконнопазир мегардад
  • Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ – интиқоли маълумоти шахсӣ ба ҳудуди давлати хориҷӣ

Мавзуи танзим

Сиёсати махфияти мазкур нисбати тамоми маълумоти махфие, ки ҶДММ «Рефреш» ё дигар ширкатҳое, ки ба он алоқаманданд, паҳн мегардад. ҶДММ «Рефреш» метавонад ҳама гуна маълумотро аз шарикони тиҷоратӣ дар ҷараёни ҳамкорӣ бо онҳо, инчунин ҳангоми бастан ва амалӣ намудани шартҳои шартнома ё созишномаҳои басташуда бо онҳо ба даст орад.

Маълумот аз ҷониби ки коркард карда мешавад

Маълумоти махфие, ки нисбат ба ҳар як шарики тиҷоратӣ ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдорӣ карда мешавад, аз ҷониби ширкат – ҶДММ «Рефреш», ки дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов 11 ба қайд гирифта шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Кадом маълумот аз ҷониби ҶДММ «Рефреш» коркард карда мешавад

Маълумоти махфие, ки ҶДММ «Рефреш» нисбат ба шарикони тиҷоратӣ ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдорӣ мекунад, вобаста ба вазъ ва истифодабарии платформа фарқ мекунад.

ҶДММ «Рефреш» дар ҳолати зарурӣ, категорияҳои зерини маълумотро ҷамъоварӣ ва коркард менамояд:

  • Маълумоти шахсӣ
  • Маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқӣ ва филиалҳои онҳо
  • Маълумот дар бораи сирри тиҷоратӣ

Дигар маълумоте, ки набояд ба шахси сеюм паҳн гардад.

ҶДММ «Рефреш» маълумоти зеринро ҷамъоварӣ менамояд:

Маълумоти махфие, ки аз шарики тиҷоратӣ гирифта мешавад:

Маълумоти зарўрӣ барои бақайдгирӣ дар платформаи «Refresh»:

  • Ному насаб ва номи падар

Рақами телефон.

Маълумоте, ки барои ворид намудани тағйирот дар платформаи «Refresh» лозим аст:

  • Ном
  • Насаб
  • Суроға

Рақами телефони мобилӣ.

5.3.2.1. Маълумоте, ки аз шарикони тиҷоратӣ ҷаъоварӣ карда мешавад:

  • Номгўи шахси ҳуқуқӣ
  • РМА
  • Реквизитҳои бонкӣ
  • Суроғаи ҳуқуқӣ ва почтаи электронӣ
  • Ному насаб ва маълумот барои тамос бо намояндагони шарикони тиҷоратӣ

Маълумоти дигаре, ки ҶДММ «Рефреш» барои иҷрои уҳдадории шартномавӣ аз шарики тиҷоратӣ талаб менамояд.

Муқаррароти Сиёсати махфияти мазкур интиқоли фаромарзии маълумоти махфиро низ дар бар мегирад. Интиқоли фаромарзии маълумоти махфӣ бо дар назардошти ҳифзи ҳуқуқҳои субъети маълумоти шахсӣ амалӣ карда мешавад.

ҶДММ «Рефреш» бехусуияткунонии маълумоти шахсиро низ амалӣ менамояд.

ҶДММ «Рефреш» кушиш менамояд, ки муҳофизат ва бехатарии маълумоти махфиро дуруст ба роҳ монад. ҶДММ «Рефреш» ба шарикони тиҷоратӣ тавсия медиҳад, ки мунтазам ба сомонаи мазкур ворид шаванд, чунки Сиёсати махфияти мазкур метавонад дар доираи тағйирот ба қонунгузории амалкунанда тағйир дода шавад.

Зери мафҳуми муҳофизат ва бехатарии маълумоти шахсӣ таъмини муҳити муҳофизати маълумоти шахсӣ аз дастрасии ғайриқонунӣ ва беиҷозати он, нусхабардорӣ кардан, тағйир додан, нест кардан, паҳнкардани маълумоти шахсӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба он фаҳмида мешавад.

Шарики тиҷоратӣ маълумоти шахсиро бо розигӣ ва ихтиёри худ пешниҳод менамояд. Пешниҳод накардани маълумоти шахсӣ ё бозпас гирифтани ризоият барои коркарди маълумоти шахсӣ метавонад боиси имконнопазир гаштани истифодаи платфорамаи «Refresh» гардад.

Мақсади коркарди маълумоти шахсӣ

Зарурияти коркарди маълумоти махфӣ:

  • Иҷрои шартҳои шартнома миёни шарики тиҷоратӣ ва платформаи «Refresh»
  • Таъмин ва такмили фаъолияти платформаи «Refresh»
  • Амалигардонии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии платформаи «Refresh»

Риояи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ҶДММ «Рефреш» коркарди маълумоти махфиро бо мақсадҳои зерин амалӣ менамояд:

  • Барои дастрасӣ ба платформаи «Refresh»
  • Таъмини дастрасӣ ба кабинети инфиродии шарикони тиҷоратӣ
  • Тамос бо шарикони тиҷоратӣ, фиристодани огоҳиномаҳо, дархостҳо ва дигар маълумот дар бораи платформаи «Refresh»
  • Муҳофизати шарикони тиҷоратӣ аз амалҳои қалобӣ
  • Паҳн намудани маводҳои тарғиботӣ вобаста ба фаъолияти платформаи «Refresh»
  • Беҳтар намудан ва такмил додани фаъолияти платформаи «Refresh»
  • Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шарикони тиҷоратӣ

Ҷамъоварӣ, коркард, пешниҳоди омор ва ғ.

Дар сурати пайдо шудани ҳадафу мақсадҳои иловагӣ ё тибқи талаботи қонунгузории татбиқшаванда ҶДММ «Рефреш» метавонад барои коркарди маълумоти махфӣ розигии алоҳида талаб намояд.

Сиёсати махфияти мазкур ба тамоми маълумоте, ки пеш ва ё баъд аз ҳукми амал даромадани он ҷамъоварӣ карда шудааст, паҳн мегардад.

Тартиби ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва дигар намудҳои коркарди маълумоти махфӣ

Амнияти маълумоти махфӣ, ки аз ҷониби ҶДММ «Рефреш» коркард карда мешавад, тавассути татбиқи чораҳои ҳуқуқӣ, техникӣ, ки барои иҷрои пурраи талаботи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсӣ зарураранд, таъмин карда мешавад.

ҶДММ «Рефреш» амният ва бехатарии маълумоти махфиро таъмин намуда, ҳама гуна чораҳоро меандешад, то ин ки шахсони сеюм беиҷозат ба маълумоти махфӣ датрасӣ пайдо накунанд. Маълумоти махфӣ аз ҷониби кормандони ҶДММ «Рефреш» дар ҳолати зарўрӣ барои амалӣ намудани мақсадҳои дар қисми 4 Сиёсати мазкур зикршуда истифода мешавад.

Маълумоти махфии шарикони тиҷоратӣ ҳеҷ гоҳ ба шахсони сеюм дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян намудааст.

Барои хизматрасониҳои муайян тибқи Шартнома бо шарикони тиҷоратӣ, платформаи «Refresh» метавонад шахсони сеюмро ҷалб намояд. Агар чунин шахсон ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ дошта бошанд, ҶДММ «Рефреш» назорат менамояд, ки чунин дастрасӣ ба миқдори зарурӣ барои хизматрасонӣ маҳдуд карда шавад.

Муҳлати нигоҳдории маълумоти махфӣ дар платформаи «Refresh» санаи расидан ба ҳадафе, ки барои он маълумот ҷамъоварӣ ва коркард шудааст ё бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Тамоми маълумоти махфии аз шарикони тиҷоратӣ ҷамоваришуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.

Коркади маълумоти махфӣ ҳам бо истифода аз воситаҳои худкор (автоматикунонидашуда) ва ҳам бе истифодаи воситаҳои худкор (автоматикунонидашуда) амалӣ карда мешавад.

Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ

ҶДММ «Рефреш» ҳуқуқ дорад интиқоли фаромарзии маълумоти шахсиро тибқи шартҳои Сиёсати махфияти мазкур ва бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.

Ҳуқуқҳои соҳиби маълумоти махфӣ

Ҳуқуқҳои шарикони тиҷоратӣ:

  • Дар кабинети инфироде, ки дар платформаи «Refresh» кушодааст, вобаста ба маълумоти шахсии худ тағйиру иловаҳо ворид намояд

Маълумоти шахсии худро метавонад аз кабинети инфиродии кушодашуда дар платформаи «Refresh» пок намояд. Поксозии маълумот метавонад истифодабарии платформаи «Refresh»-ро имконнопазир гардонад.

  • Барои дастрас намудани маълумоти шахсии худ ба ҶДММ «Рефреш» бо дархост муроҷиат намояд
  • Донистани мавҷудият ва ҳаҷми маълумоти шахсии худ дар платформаи «Refresh»
  • Гирифтани маълумот дар бораи шартҳои дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ дар платформаи «Refresh»

Розигии худро барои коркарди маълумоти шахсии худ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, бозхонд намояд.

  • Аз ҶДММ «Рефреш» талаб намояд, ки коркарди маълумоти шахсии худро муваққатан боздорад, агар чунин маълумот нопурра, кўҳна, нодуруст, ғайриқонунӣ ба даст оварда шуда бошад ё барои мақсадҳои коркард ва нигоҳдорӣ зарур набошад

Вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ нисбати маълумоти шахсии худ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ё суд муроҷиат намояд.

Қисмати хотимавӣ

Муносибатҳои байни Тарафҳо, ки вобаста татбиқи Сиёсати мазкур ба миён меоянд, инчунин масъалаҳое, ки бо шартҳои Сиёсати мазкур ҳал нашудаанд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Истифодафодабаранда метавонад вобаста ба масъалаи марбут ба коркарди маълумоти шахсии худ аз маркази тамоси платформаи «Refresh» маълумот дастрас намояд.

Дар сурати ошкор шудани истифодаи ғайриқонунии маълумоти махфӣ, субъекти маълумоти махфӣ, ки маълумоти ў ғайриқонунӣ истифода шудааст, метавонад ба таври хаттӣ ба суроғаи ҶДММ «Рефреш» муроҷиат намояд. Дар ариза бояд тафсилоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти субъекти маълумоти махфӣ, таркиби маълумоти махфии ғайриқонунӣ истифодашаванда, тавсифи дар куҷо ва дар кадом ҳолатҳо ғайриқонунӣ истифода шудани маълумоти махфӣ нишон дода шавад.

ҶДММ «Рефреш» ҳуқуқ дорад, ки бидуни розигии шарикони тиҷоратӣ ба Сиёсати мазкур тағйирот ворид намояд.

Дар ин санад ҳама гуна тағйироте, ки ҶДММ «Рефреш» ворид менамояд, инъикос карда мешавад. Сиёсати мазкур то ба гунаи (версия) нав иваз карданаш бемуҳлат амал мекунад.

Гунаи (версия) амалкунандаи Сиёсати мазкур дар шабакаи Интернет бо дастрасии озод дар суроғаи (https://refresh.tj/privacy-policy) ҷойгир карда шудааст.

Нашри амалкунандаи ҳуҷҷат дар суроғаи https://refresh.tj/privacy-policy ҷойгир аст

Платформаи абрӣ барои идоракунии мағоза. Анбор, касса, CRM, молия ва маркетинг — дар як система.

Офлайн кор мекунадTJS · UZS · KZT · KGSДастгирии маҳаллӣ
+992 985 36 65 60info@refresh.tj

Барномаи мобилӣ

Боргирӣ азApp StoreДастрас дарGoogle Play

Ҳалҳо

  • Мағозаи либос
  • Мағозаи пойафзол
  • Мағозаи озуқа
  • Мағозаи сохтмонӣ
  • Мағозаи косметика
  • Мағозаи аксессуар

Маҳсулот

  • Имкониятҳо
  • Тарифҳо
  • Ҳалҳо
  • Ройгон санҷед
  • Шарик шавед

© 2026 Refresh. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд.