ШАРТНОМАИ МИЁНАРАВӢ (ОФЕРТА)
Шарикони тиҷоратии платформаи «Refresh»
Шартномаи мазкур пешниҳоди оммавии (Оферта) ҶДММ «Рефреш» (Тарафи 1) барои доираи номуайяни шахсон (Тарафи 2) ҷиҳати бастани Шартнома бо шартҳои дар поён зикршуда мебошад. Дар танзими муносибатҳои Тарафҳо, дар асоси Шартномаи мазкур меъёрҳои Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Тибқи моддаи 483 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи мазкур унсурҳои шартномаи супориш (моддаи 1085 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон), шартномаи агентӣ (моддаи 1110 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва шартномаи комиссияро (моддаи 1094 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар бар мегирад.
Шартномаи мазкур аз лаҳзаи аз ҷониби Тарафи 2 иҷрои амали дар қисми 2 Шартномаи мазкур пешбинишуда, ки маънои пурра ва бечунучаро қабул кардани ҳамаи шартҳои шартномаро дорад, баста шуда эътироф карда мешавад.
Дар ҳолате, ки як ё якчанд муқаррароти Шартномаи мазкур бо ягон сабаб беэтибор ё қувваи ҳуқуқӣ надошта бошанд, чунин ҳолат ба амали муқаррароти дигари Шартномаи мазкур таъсир расонида наметавонад.
Истилоҳот ва мафҳумҳои асосӣ
Шартнома – Шартномаи мазкур миёни Тарафи 1 ва Тарафи 2 бо тартиби пешбининамудаи қисми 2 Шартномаи мазкур бо дар назардошти нашр шудани он дар дар сомонаи (https://refresh.tj/agreement) баста шудааст. Инчунин, ҳамаи замимаҳои он, ки дар сомонаи (https://refresh.tj/agreement) нашр карда мешаванд, қисми ҷудонашавандаи Шартномаи мазкур мебошанд.
Тарафи 1 – ҶДММ «Рефреш», ки дар суроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов 11 ба қайд гирифта шудааст.
Тарафи 2 – соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва фаъолияти фурўши молро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳад ва мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Офертаи мазкурро қабул намудааст.
Тарафҳо – Тарафи 1 ва Тарафи 2
Истифодабарандаи ваколатдор – роҳбар, корманд, намоянда ё шахси дигаре, ки Тарафи 2 ба ӯ дар доираи кабинети инфиродии худ дастрасӣ додааст.
Платформа – маҷмуи барномаҳо, интерфейсҳо ва базаҳои техникии ҶДММ «Рефреш», ки тавассути сомона ва барномаи мобилӣ пешбинӣ шудааст, дастрас мебошад.
Кабинети инфиродӣ – саҳифаи шахсии Тарафи 2 дар сомона ё барномаи мобилии Тарафи 1, ки дорои маълумот дар бораи мағозаи Тарафи 2, моли ҷойгиркардаи ў ва молҳои фурӯхташуда мебошад.
Тариф – маҷмуи функсияҳо, маҳдудиятҳо, нарх ва муҳлати муайяншудаи истифодабарии платформа.
Обуна (Subscription) – ҳуқуқи истифодаи тарифи муайян дар давраи пардохтшуда.
Давраи озмоишӣ (Trial) – давраи озмоишии ройгони 7 рӯза, ба шарте ки шартҳои Оффертаи мазкур риоя шаванд.
Хизматрасонӣ – пешниҳоди дастрасии функсионалӣ ба платформа ва хизматрасониҳои вобастае, ки ба Тариф ё фармоишҳои алоҳида дохил шудаанд.
Комиссия – пардохте, ки аз нархи Обуна ҷудо буда, барои амалиёт ё хизматрасонии муайяни Платформа ситонида мешавад, агар чунин комиссия барои функсияи дахлдор пешбинӣ шуда бошад.
Маълумоти шахсӣ — маълумоте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти шахсӣ ҳисобида мешавад.
Пойгоҳи маълумот – низоми иттилоотӣ-маълумотие мебошад, ки дорои маълумот дар бораи фаъолияти кории мағозаи Тарафи 2 пешбинӣ шудааст.
Аксепт — қабули пурра ва бечунучарои Оферта бо тартиби фасли 2.
Дар Шартнома метавонад мафҳум ё истилоҳоте истифода шаванд, ки дар қисмати мазкури Шартнома пешбинӣ нашудаанд. Дар чунин ҳолат истилоҳ мувофиқи матни шартномаи мазкур тафсир карда мешавад. Агар дар матни Шартнома тафсири якхелаи истилоҳ мавҷуд набошад, Тарафҳо ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон такя менамоянд.
МАВЗУИ ОФФЕРТА
Тарафи 1 уҳдадор мешавад, ки дар доираи Тарифи интихобшуда ба Тарафи 2 ҳуқуқи маҳдуд, ғайриистисноӣ, муваққатӣ ва ғайриқобили интиқоли истифодаи функсияҳои Платформаро диҳад, Тарафи 2 бошад уҳдадор мешавад, ки ҳаққи хизматрасониро пардохт намуда, шартҳои Оффертаи мазкурро риоя намояд.
Теъдод ё ин ки ҳаҷми функсияҳо аз Тарифи интихобшуда вобаста мебошад.
Тарафи 1 уҳдадор нест, ки функсияи ба Тарифи интихобшуда дохилнашударо ба таври ройгон пешниҳод намояд.
Пардохти Тариф, комиссия ё хизматрасонии иловагӣ маънои харидан ё ба Тарафи 2 гузаштани ҳуқуқи моликият ба Платформа ё дигар объектҳои моликияти зеҳниро надорад.
Тарафи 1 дар доираи Оффертаи мазкур:
- фурӯшандаи молҳои Тарафи 2 буда наметавонад
- намояндаи Тарафи 2 дар фурӯши молҳои ӯ буда наметавонад
- тараф дар шартномаи хариду фурӯш байни Тарафи 2 ва харидорони эҳтимолии молҳои ӯ буда наметавонад
фаъолияти тиҷоратии ҳаррӯзаи Тарафи 2-ро идора намекунад.
ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМА
Тарафи 2 уҳдадор аст, ки пеш аз бақайдгирӣ ва дастрасӣ ба кабинети инфиродии худ бо матни Офертаи мазкур, ки дар суроғаи (https://refresh.tj/agreement) нашр шудааст, шинос шавад.
Барои истифодаи хизматрасонӣ Тарафи 2 уҳдадор аст, ки барои дастрасӣ ба кабинети инфиродӣ аз бақайдгирӣ дар саҳифаи https://app.refresh.tj гузарад. Бо бақайдгирӣ дар платформа, Тарафи 2 барои коркард, ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумоти шахсии худ ба Тарафи 1 розигӣ медиҳад.
Тарафи 2 мустақилона рамзро барои дастрасӣ ба кабинети инфиродии худ таҳия менамояд. Дар навбати худ, Тарафи 1 ҳуқуқ дорад барои таҳияи рамз барои Тарафи 2 талабот (дарозии рамз, гузоштани нишонаҳо (символ) ва ғ.) гузорад.
Тарафи 2 розӣ ҳаст, ки истифодаи логин (почтаи электронӣ ва рақами телефон ҳангоми бақайдгирӣ) ва рамз барои идентификатсия (мушаххасгардонӣ) ва дастрасӣ ба кабинети инфиродӣ барои Тарафи 2 кофӣ мебошад. Истифодаи логин ва рамз ба Тарафи 2 ҳуқуқ медиҳад, ки дар платформа амалиёти муайянро анҷом диҳад ва ин ба намунаи имзои дастии Тарафи 2 баробар мебошад. Тарафи 2 пурра барои амалҳои ҳар як шахсе, ки аз номи ў аҳдҳо ва амалиётҳоро дар кабинети инфиродӣ анҷом медиҳад масъул мебошад.
Тарафи 2 уҳдадор аст, ки барои таъмини амнияти кабинети инфиродӣ ва пешгирии дастрасии беиҷозат ба он аз ҷониби шахсони сеюм мустақилона чораҳои дахлдор андешад. Дар сурати дастрасии ғайриқонунӣ ба кабинети инфиродӣ аз ҷониби шахсони сеюм Тарафи 2 уҳдадор аст, ки истифодаи онро қатъ намуда, маълумоти воридшавӣ (логин ё рамз) ба кабинети инфиродиро тағйир диҳад.
Бақайдгирии Тарафи 2 дар платформаи Refresh тасдиқи он аст, ки Тарафи 2 шартҳои Офертаи мазкурро пурра қабул намудааст.
Фаъолсозии кабинети инфиродӣ маънои тасдиқи бастани Шартномаи мазкур байни Тарафи 1 ва Тарафи 2 мебошад.
Тарафҳо кафолат медиҳанд, ки қобилияти ҳуқуқдорӣ ва қобилияти амалкунии пурра барои бастан ва иҷрои Шартномаи мазкурро доранд.
Ҳангоми истифодаи кабинети инфиродӣ аз ҷониби Тарафи 2, истифодаи ҳама гуна нармафзоре, ки муаллиф ё таҳиягари он Тарафи 1 нест, бе мувофиқа бо Тарафи 1 иҷозат дода намешавад. Дар сурати риоя накардани талаботи мазкур, Тарафи 1 ҳуқуқ дорад, ки Шартномаро бо Тарафи 2 бо тартиби муқаррарнамудаи банди 12.4 Шартномаи мазкур фавран қатъ намояд ё дастрасии Тарафи 2-ро ба кабинети инфиродӣ пурра ё қисман маҳдуд намояд.
ТАРИФҲО
Тарафи 1 ҳуқуқ дорад, ки дар доираи Платформа як ё якчанд Тарифро барои истифода бурдани он пешниҳод намояд.
Барои ҳар як Тариф шартҳо ва хусусиятҳои он алоҳида муайян карда мешаванд, аз ҷумла:
- арзиши Тариф
- маҷмуи функсияҳо ва хизматрасониҳои дастрас
- маҳдудиятҳои истифодабарӣ
- муҳлати амал
- шартҳои махсус дар сурати мавҷуд будани онҳо
Маълумоти актуалӣ оид ба Тарифҳо, арзиш, муҳлат, функсияҳо, лимитҳо ва дигар шартҳои татбиқи он дар як ё якчанд манбаи зерин ҷойгир карда мешавад:
- барномаи мобилии Платформа
- сомона – refresh.tj
Тавсиф ва шартҳои Тарифе, ки ба Тарафи 2 пеш аз анҷом додани харид пешниҳод гардида, аз ҷониби ӯ тасдиқ карда мешаванд, барои давраи дахлдори истифодабарӣ қисми ҷудонашавандаи муносибатҳои шартномавии байни Тарафи 1 ва Тарафи 2 ба ҳисоб мераванд.
Тарафи 2 Тарифро мустақилона, бо назардошти арзиш, функсияҳо, маҳдудиятҳо, муҳлати амал ва дигар шартҳои он интихоб менамояд.
Агар функсия, имконият ё хизматрасонии муайян ба Тарифи интихобнамудаи Тарафи 2 дохил набошад, Тарафи 1 уҳдадор нест онро ройгон ё берун аз шартҳои Тарифи мазкур пешниҳод намояд. Дастрасӣ ба чунин функсия, имконият ё хизматрасонӣ метавонад пардохти иловагӣ ё гузариш ба Тарифи дахлдорро талаб намояд.
Дар ҳолате ки Тарафи 2 то ба охир расидани муҳлати амали Тарифи ҷорӣ Тарифи дигарро интихоб ва харидорӣ менамояд, чунин амал, агар дар Шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳамчун фармоиши нави хизматрасонӣ ҳисобида мешавад.
Маблағи ба қисми истифоданашудаи Тарифи қаблӣ ростомада ба таври автоматӣ ба ҳисоби Тарифи нав гузаронида, аз арзиши он тарҳ ё ба Тарафи 2 баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки:
- Тарафи 1 дар Платформа тартиби дигарро мустақиман пешбинӣ намуда бошад
қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар намояд.
Барои фаъол намудани Тарифи нав Тарафи 2 уҳдадор аст, ки арзиши онро тибқи шартҳои амалкунандаи Тарифи мазкур пардохт намояд, агар пешниҳоди махсус, аксия ё шартҳои дигари аз ҷониби Тарафи 2 муқарраршуда тартиби дигарро пешбинӣ накунанд.
ДАВРАИ ОЗМОИШӢ
Тарафи 1 метавонад ба Тарафи 2 давраи озмоишии хизматрасониро ба муҳлати 7 (ҳафт) рӯзи тақвимӣ ба таври ройгон пешниҳод намояд.
Агар дар Платформа ё шартҳои пешниҳоди дахлдор тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, давраи озмоишӣ:
- ба таври ройгон пешниҳод мегардад
- барои Тарафи 2 давраи озмоишӣ танҳо як маротиба дастрас мебошад
- аз лаҳзаи фаъол намудани он аз ҷониби Тарафи 2 оғоз мегардад
баъд аз гузаштани 7 (ҳафт) рӯзи тақвимӣ ба таври автоматӣ анҷом меёбад.
Анҷоми давраи озмоишӣ худ аз худ боиси фаъол гардидани Обунаи пулакӣ ё ситонидани маблағ аз Тарафи 2 намегардад, ба истиснои ҳолате, ки Тарафи 2 қаблан ба таври алоҳида, возеҳ ва огоҳона ба тамдиди автоматӣ ё гузариш ба хизматрасонии пулакӣ розигӣ дода бошад.
Агар пас аз анҷоми давраи озмоишӣ Тарафи 2 Тарифи пулакиро интихоб ва пардохт накунад, Тарафи 1 ҳуқуқ дорад, ки дастрасии Тарафи 2-ро ба функсияҳо ва хизматрасониҳои пулакӣ маҳдуд намояд ва ё аккаунтро ба ҳолати ғайрифаъол ё дорои функсияҳои маҳдуд гузаронад.
АРЗИШИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ТАРТИБИ ПАРДОХТ
Арзиши хизматрасониҳо ва Тарифҳои дахлдор то анҷом додани фармоиш ё пардохт ба Тарафи 2 тавассути барномаи мобилӣ ва сомонаи refresh.tj пешниҳод карда мешавад.
Агар дар шартҳои Тариф ё пешниҳоди дахлдор тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, пардохт дар шакли пешпардохт барои давраи ҳисоббаробаркунии интихобнамудаи Тарафи 2 анҷом дода мешавад.
Пардохт метавонад бо истифода аз воситаҳои пардохтие, ки дар лаҳзаи анҷом додани амалиёт дар Платформа дастрас мебошанд, сурат гирад, аз ҷумла тавассути:
- корти бонкӣ
- ҳамёни электронӣ ё дигар воситаи пардохтии таҳвилгари қонунии хизматрасониҳои пардохтӣ
дигар воситаҳои қонунии пардохт, ки аз ҷониби Платформа дастгирӣ карда мешаванд.
Дар ҳолате ки Тарафи 1 воситаи пардохт, аз ҷумла корти бонкиро, барои анҷом додани пардохтҳои минбаъда пайваст менамояд, тартиби нигоҳдорӣ ва коркарди маълумотҳои пардохтӣ мутобиқи механизми техникии таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ ва талаботи қонунгузории татбиқшаванда муайян карда мешавад.
Тарафи 1 маълумоти дорои сатҳи баланди махфияти воситаи пардохт, аз ҷумла CVV/CVC-и корти бонкиро, нигоҳ намедорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин коркард мустақиман аз модели техникии воқеии Платформа бармеояд ва бо риояи пурраи талаботи қонунгузорӣ, стандартҳои бехатарӣ ва талаботи низомҳои пардохтии татбиқшаванда анҷом дода мешавад.
Обунаи моҳона ва солона
Обунаи моҳона
Обунаи моҳона аз рӯзи фаъол гардидани он ё аз санаи дигаре, ки ҳангоми фармоиш ё харид ба Тарафи 2 нишон дода шудааст, оғоз мегардад.
Обунаи моҳона барои як давраи ҳисоббаробаркунии моҳона амал мекунад, агар дар шартҳои Тарифи дахлдор тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Агар тамдиди автоматии обуна барои моҳҳои минбаъда фаъол набошад, пас аз анҷоми давраи ҳисоббаробаркунии ҷорӣ Обуна ба таври автоматӣ тамдид намегардад. Барои идомаи истифодаи хизматрасониҳои пулакӣ Тарафи 2 бояд давраи ҳисоббаробаркунии навро мустақилона интихоб ва пардохт намояд.
Агар тамдиди автоматии обуна барои моҳҳои минбаъда аз ҷониби Тарафи 2 фаъол карда шуда бошад, тамдиди Обуна ва ситонидани маблағ барои давраи ҳисоббаробаркунии нав тибқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Шартномаи мазкур анҷом дода мешавад.
Обунаи солона
Обунаи солона барои муҳлати 1 (як) сол аз санаи фаъол гардидани он ё аз санаи дигаре, ки ҳангоми фармоиш ё харид нишон дода шудааст, амал мекунад.
Агар арзиши Обунаи солона барои тамоми давраи дахлдор пурра пешакӣ пардохт шуда бошад, арзиши барои ҳамин давра пардохтшуда то анҷоми муҳлати он тағйир дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин тағйирот мустақиман аз талаботи қонунгузории татбиқшаванда бармеояд ва татбиқи он нисбат ба муносибатҳои шартномавии амалкунанда ҳатмӣ мебошад.
Ҳангоми тамдиди Обуна барои давраи ҳисоббаробаркунии нави солона арзиш ва шартҳои Тарифе истифода мешаванд, ки дар санаи чунин тамдид амал мекунанд, агар дар пешниҳоди махсус ё шартҳои дахлдори Тарафи 1 тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Агар тамдиди автоматии обуна барои Обунаи солона фаъол набошад, пас аз анҷоми муҳлати он Обуна ба таври автоматӣ тамдид намегардад ва барои идомаи истифодаи хизматрасониҳои пулакӣ Тарафи 2 бояд Обунаи навро интихоб ва пардохт намояд.
Агар тамдиди автоматии обуна барои Обунаи солона фаъол бошад, тамдиди он бо тартиби пешбининамудаи фасли 12 ҳамин Шартҳо анҷом дода мешавад.
Тағйир додани арзиши хизматрасонӣ
Тарафи 1 ҳуқуқ дорад, ки Тарифҳо ва шартҳои нархгузориро барои давраҳои ҳисоббаробаркунии оянда бо риояи тартиби пешбининамудаи шартҳои Шартномаи мазкур мустақилона тағйир диҳад.
Нисбат ба Обунаи моҳона нархи нав на пештар аз оғози давраи ҳисоббаробаркунии нави баъди эътибор пайдо кардани чунин нарх татбиқ мегардад.
Тарафи 1 дар бораи тағйири нарх Тарафи 2-ро пешакӣ тавассути як ё як чан воситаҳои огоҳонӣ, ки дар шартҳои Шартномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, огоҳ менамояд.
Огоҳӣ дар бораи тағйири нарх на камтар аз 15 рӯзи тақвимӣ пеш аз оғози моҳи нав барои давраҳои ҳисоббаробаркунии оянда ба Тарафи 2 ирсол карда мешавад.
Нисбат ба Обунаи солонае, ки арзиши он барои тамоми давраи солона пурра пешакӣ пардохт шудааст, нархи нав то анҷоми давраи ҳисоббаробаркунии пардохтшуда татбиқ намегардад.
Ҳангоми тамдиди Обунаи солона барои давраи ҳисоббаробаркунии нави солона нарх ва шартҳои Тарифе истифода мешаванд, ки дар санаи тамдид амал мекунанд, ба шарте ки маълумот дар бораи чунин нарх пеш аз тамдид ба Тарафи 2 дастрас карда шуда бошад.
Агар Тарафи 2 бо нархи нав розӣ набошад, ӯ ҳуқуқ дорад то оғози давраи ҳисоббаробаркуние, ки нархи нав нисбат ба он татбиқ мегардад, ба таври автоматӣ тамдид намуданро хомӯш намояд ва/ё аз харид ё тамдиди Обуна барои давраи нав худдорӣ кунад. Дар чунин ҳолат Обунаи қаблан пардохтшуда то анҷоми давраи ҳисоббаробаркунии ҷорӣ бо шартҳои қаблан пардохтшуда амал мекунад.
ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО
Тарафи 1 ҳуқуқ дорад:
Функсияҳо, имкониятҳо, маҳдудиятҳо ва сатҳи дастрасӣ ба Платформаро мутобиқи Тарифи интихобнамудаи Тарафи 2 пешниҳод, фаъол ё маҳдуд намояд.
Бо мақсади таъмини амният, устувории кор, нигоҳдории техникӣ, навсозӣ, такмил ва ислоҳи хатогиҳои Платформа корҳои техникӣ ва профилактикӣ анҷом диҳад.
Дар ҳолати мавҷуд будани хавфи воқеӣ ё асосноки дастрасии беиҷозат, ҳамлаи техникӣ, вайроншавии амният ё дигар таҳдид ба Платформа, маълумот ё истифодабарандагон, дастрасиро пурра ё қисман ва ба муҳлати барои бартараф намудани чунин хавф зарурӣ маҳдуд намояд.
Аз Тарафи 2 маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро талаб намояд, ки барои иҷрои талаботи қонунгузорӣ зарур мебошанд.
Истифодаи Платформаро, ки шартҳои ҳамин Оферта, қонунгузории татбиқшаванда, ҳуқуқҳои шахсони сеюм ё талаботи асосноки амнияти Платформаро вайрон менамояд, маҳдуд, боздошт ё қатъ намояд.
Тарифҳо, арзиши онҳо ва шартҳои нархгузориро барои давраҳои оянда бо риояи тартиб ва муҳлатҳои огоҳонии пешбининамудаи Офертаи мазкур тағйир диҳад.
Барои фаъолияти Платформа, аз ҷумла хостинг, инфрасохтор, пардохтҳо, иртибот, аналитика, дастгирии техникӣ ва дигар хизматрасониҳои ёрирасон провайдерҳо, пудратчиён ва шахсони сеюми ваколатдорро ҷалб намояд, ба шарте ки ҳангоми чунин ҷалб талаботи татбиқшаванда оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ, махфият ва амнияти иттилоотӣ риоя карда шаванд.
Тарафи 1 уҳдадор аст:
Дастрасӣ ба Платформа ва хизматрасониҳои онро дар ҳаҷм, доираи функсионалӣ ва бо маҳдудиятҳое, ки Тарифи интихобнамудаи Тарафи 2 пешбинӣ менамояд, таъмин намояд.
Маълумоти асосӣ ва актуалиро оид ба Тарифҳо, арзиши хизматрасонӣ, функсияҳои асосӣ, маҳдудиятҳо ва шартҳои истифодаи онҳо барои Тарафи 2 дастрас нигоҳ дорад.
Чораҳои оқилона ва мутаносиби техникӣ ва ташкилиро барои ҳифзи Платформа, маълумоти коркардшаванда ва инфрасохтори марбут аз дастрасии беиҷозат, гумшавӣ, тағйирёбӣ ё дигар дахолати ғайриқонунӣ андешад.
маълумоти шахсиро танҳо дар сурати мавҷуд будани асоси ҳуқуқии дахлдор, барои мақсадҳои муайяншуда ва дар доираи талаботи қонунгузории татбиқшаванда ва ҳуҷҷатҳои дахлдори Платформа оид ба махфият коркард намояд.
Дар ҳолати ошкор ва тасдиқ гардидани хатогиии ҳисоббаробаркунӣ, ки аз ҷониби Тарафи 1 ё системаҳои таҳти назорати он ба вуҷуд омадааст, дар муҳлати оқилона чораҳои заруриро барои санҷиш ва ислоҳи чунин хатогӣ андешад.
Ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнии Тарафи 2 ва шахсони сеюмро дар доираи талаботи қонунгузории татбиқшаванда ва шартҳои Офертаи мазкур таъмин намояд.
Тарафи 2 ҳуқуқ дорад:
- Функсияҳо, имкониятҳо ва хизматрасониҳоеро, ки ба Тарифи интихобнамудаи ӯ дохил мебошанд, дар доираи маҳдудиятҳо ва шартҳои муқарраршуда истифода барад
- Маълумоти актуалӣ ва дастрасро дар бораи Тарифҳо, арзиши хизматрасонӣ, Комиссияҳо, лимитҳо ва дигар шартҳои марбут ба истифодаи Платформа гирад
- Оид ба масъалаҳои вобаста ба истифодаи Платформа, мушкилоти техникӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва дигар масъалаҳо ба Тарафи 2 муроҷиат намояд
Дар доираи функсияҳои дар Платформа мавҷудбуда Истифодабарандагони ваколатдори худро илова, хориҷ ва идора намуда, сатҳи дастрасӣ ва ваколатҳои онҳоро муайян намояд.
Ба таври автоматӣ тамдид намудани обунаро бо тартиб ва дар муҳлатҳои пешбининамудаи Офертаи мазкур хомӯш намояд.
Ҳуқуқҳои худро вобаста ба маълумоти шахсӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои дастрасӣ, ислоҳ, маҳдудкунӣ, бозхонди розигӣ ва дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории татбиқшаванда амалӣ намояд.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории татбиқшаванда ва Офертаи мазкур ислоҳи ҳисоббаробаркунӣ, аз нав ҳисобкунӣ ва/ё баргардонидани маблағро талаб намояд.
Муносибатҳои шартномавиро бо тартиб, шартҳо ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории татбиқшаванда ва Офертаи мазкур қатъ намояд.
Дар ҳолати тағйир ёфтани шартҳое, ки тибқи Офертааи мазкур огоҳии пешакиро талаб мекунанд, пеш аз оғози татбиқи чунин тағйирот маълумоти дахлдорро бо тартиби муқарраршуда гирад.
Тарафи 2 уҳдадор аст:
Ҳангоми бақайдгирӣ, бастани шартнома ва истифодаи Платформа маълумоти дуруст, пурра ва то ҳадди зарурӣ актуалиро пешниҳод намояд.
Платформаро танҳо барои мақсадҳои қонунӣ ва мутобиқи шартҳои Офертаи мазкур истифода барад.
Арзиши хизматрасониҳо, Тарифҳо ва комиссияҳоро дар муҳлат ва бо тартиби муқарраршуда пардохт намояд.
Махфият ва амнияти маълумоти воридшавӣ ба кабинети инфиродиро таъмин намуда, барои идоракунии дурусти дастрасии Истифодабарандагони ваколатдори худ чораҳои зарурӣ андешад.
Ҳангоми истифодаи Платформа ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқ ба махфият, ҳуқуқ ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони сеюмро вайрон накунад.
Талаботи қонунгузории ба фаъолияти худ татбиқшаванда, аз ҷумла дар соҳаҳои фаъолияти соҳибкорӣ, муомилоти мол, андозбандӣ, реклама, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, маълумоти шахсӣ ва дигар соҳаҳои дахлдорро мустақилона риоя намояд.
Ҳангоми тағйир ёфтани маълумоти бақайдгирӣ, реквизитҳо, маълумоти тамос ё дигар маълумоте, ки барои иҷрои шартҳои Офертаи мазкур аҳаммият дорад, онро дар муҳлати оқилона нав намояд.
Дар сурати ошкор намудани гумони дастрасии беиҷозат ба кабинети инфиродӣ, истифодаи ғайриқонунӣ ё дигар ҳодисаи эҳтимолии амниятӣ, то ҳадди имкон фавран Тарафи 1 тавассути воситаҳои дастраси иртибот огоҳ намояд.
ТАРТИБИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО
Ҳама баҳсҳо ва ихтилофоте, ки байни Тарафҳо дар доираи Шартномаи мазкур ба миён омада метавонанд, тавассути музокирот ва гуфтушунид ҳалу фасл карда мешаванд.
Риояи тартиби пеш аз судии ҳали баҳсҳо аз ҷониби Тарафҳо ҳатмӣ мебошад.
Ҳамагуна даъвоҳо нисбати якдигар дар давоми 10 рўзи корӣ аз рӯзи гирифтани арзу шикоят ҳал карда мешавад
Агар масъалаҳои баҳснок дар ҷараёни музокирот ҳалли худро наёбанд, онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд ҳал карда мешаванд.
ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ШАРТНОМА
Тарафи 1 ҳуқуқ дорад, ки шартҳои Шартномаи мазкурро, ки дар сомонаи https://refresh.tj/agreement нашр шудааст, дар ҳар вақти дилхоҳ бо ихтиёри худ тағйирот ворид намояд. Дар чунин ҳолат, Тарафи 1 уҳдадор аст, ки дар бораи чунин тағйирот на дертар аз 7 (ҳафт) рўз пеш аз мавриди амал қарор гирифтани он Тарафи 2-ро огоҳ намояд, агар муҳлатҳои дигар барои тағйироти алоҳида дар замимаҳои Шартномаи мазкур пешбинӣ нашуда бошад.
Тарафи 1 ҳуқуқ дорад, ки хатогиҳои техникӣ ва имлоиро дар матни Шартномаи мазкур бидуни огоҳ намудани Тарафи 2 ислоҳ намояд.
Ҳамаи шартномаҳои қаблан басташуда, аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтани Шартномаи мазкур, эътибори худро гум мекунанд.
Офертаи мазкур аз лаҳзаи нашр шуданаш дар сомонаи https://refresh.tj/agreement қувваи амал пайдо менамояд.
Офферта аз ҷониби Тарафи 2 қабулшуда ҳисобида мешавад, агар баъд аз лаҳзаи нашри тағйирот ва ё иловаҳо дар платформа, Тарафи 2 истифодаи хизматрасонии Тарафи 1-ро идома диҳад.
Тарафи 1 дар бораи тағйироти воридшуда бо яке аз воситаҳои зерин Тарафи 2-ро огоҳ менамояд:
- Тавассути ҷойгир намудани огоҳинома дар кабинети инфиродии Тарафи 2 оид ба чунин тағйирот
ва ё тавассути ирсоли мактуб оид ба чунин тағйирот ба почтаи электронии Тарафи 2.
Муқаррароти хотимавӣ
Шартномаи мазкур ба муҳлати номаҳдуд баста мешавад ва нисбат ба муносибатҳои Тарафҳо аз лаҳзаи дар қисми 2-и Шартномаи мазкур пешбинишуда, татбиқ мегардад.
Тарафи 2 ҳуқуқ дорад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро тибқи Шартномаи мазкур ба шахси сеюм танҳо бо розигии хаттии Тарафи 1 вогузор намояд.
Тарафи 1 ҳуқуқ дорад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро бидуни розигии Тарафи 2 ба шахси сеюм вогузор намояд.
Тамоми масъалаҳои дигаре, ки дар Шартномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, Тарафҳо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегиранд.
Тамоми замимаҳо ба Шартномаи мазкур қисми ҷудонашаванда он маҳсуб мешаванд. Замимаҳо дорои қувваи ҳуқуқии баробар бо матни асосии Шартномаи мазкур мебошанд ва бе онҳо Шартнома пурра ҳисобида намешаванд.
Шартномаи мазкур дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр карда мешавад. Дар сурати ихтилоф ё тафовути маъно байни матнҳо, матни тоҷикӣ ҳукмфармо мебошад.